Montag, 13. April 2009

Боку, шахри Али ва Нино

Posted in by FONUS | Edit
Бори дуввум аст, ки аз ин шахри зебо дидорбини мекунам. Боку дар хакикат як шахри пур зи печутоб ва бахамоист: инчо метавон печутоб ва бахамоии Шарку Гарб, Осиёву Аврупо, инчунин Ислому Масехиятро пайдо намуд. Бинохои бо услуби "Jugendstil" сохташуда, ки сурфаи (балкон) онхо бо токи ангур пушида шудааст, як намунаи ин печутобанд, ки аз омехташавии фарханги аврупои ва осиёи дарак медиханд.

Кашфиёте, ки ин бор аз ин шахр бароям кардам, китобест, ки шохиди дигари бахамоии фархангхост. Али ва Нино, асари Курбон Саид*, ки аз ишки ду чавон хикоят мекунад: Алии озари ва мусулмон ва Нинои гурчи ва масехи. Киссаи гамноки ишке, ки байни ду дин, ду фарханг ва шарку гарб рох мепаймояд.

Fonus.

* Курбон Саид лакаби муаллиф аст. Номи аслии у Лев Нуссимбаум, яхудии сокини Бокуст. Соли 1942 дар Итолиё дар синни 36 - солаги чашм аз олам пушидааст.