Mittwoch, 29. Oktober 2008

Мухаммад Хотами

Posted in by FONUS | Edit
Шоми дируз шохиди суханронии Мухаммад Хотами гаштам. У дар толори донишгохи Фрайбурги Олмон сухане дошт дар мавзуи «Ислом дар гуфтугу бо Гарб: мушкилот ва дурнамоихо». Баромади огои Хотами на аз тарафи хамаи хозирин хуш пазиро буд.


Яке аз толор ба забони форси «ту одамкуш ва фашист хасти» фарёд зад, дигаре дар хамоханги бо у «марг бар муллохо ва бар Эрон». Огои Хотами мичгон ба мичгоне назад ва дар минбар сухани худро идома дод. Талхкунандагони шом зуд аз толор ба берун андохта шуданд.


Огои Хотами бо лахни ширини форси ва файласуфона суханрони намуд ва дар охир изхор дошт, ки оламеро дидан мехохад, ки он чо мусалмону, хиндую, масехиву яхуди хамзист бошанд ва дасти якдигарро бигиранд.